Даст ба кирдори қаллобӣ задани якчанд нафар шаҳрванд
Ба ШВКД-1 Сино бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 10-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 10:00, ҳангоми дар кӯчаи Авестои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштанаш марди 58-сола ва писараш ҷавони 22-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес Гелинвагер”-ро бо арзиши 70 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аз ин маблағ 13 ҳазор доллари амрикоиро дода, боқимонда 57 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидаанд.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 15-уми феврали соли 2024, тахминан соати 09:00, ҳангоми дар назди Маркази савдои “Ёвар” қарор доштанаш марди 39-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор доллари амрикоӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи “БМВ ф-10”, ки арзишаш 18 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 6 моҳ маблағҳояшро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо гумонбаршаванда аз ин маблағ 30 ҳазор доллари амрикоиро дода, боқимонда 88 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.