Ошкор шудани ҳолати азонихудкунӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар вазифаи мудири амбори ҶДММ “Покиза М” кору фаъолият карда, аз 1-уми октябри соли 2021 ҳамчун шахси масъули молиявӣ эътироф шуда, бо маслиҳати пешакӣ бо шахсони номаълум маҳсулоти хоми гушти мурғро аз анбор тасарруф намуда, азонихуд карда дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта маблағи ба даст овардаашро байни ҳам тақсим кардаанд.
Дар асоси маълумотномаи санҷиши додугирифт байни директори генералии ЧДММ “Покиза М” ва мудири анбори ҷамъияти мазкур дар рафти рӯйхатгирии маҳсулоти дар анбор буда, то 31-уми декабри соли 2024, ба маблағи 4 миллиону 514 ҳазору 259 сомонӣ гушти мурғ кам муайян карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.