Бо болғачаи оҳанин расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 34 ва 39-солаи сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 29-уми январи соли 2025, тахминан соати 09:00, ҳангоми дар нуқтаи фурӯши ангишт, воқеъ дар кӯчаи Д.Муллоҷонови ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ қарор доштанашон аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо истифода аз болғачаи оҳанин ба сару рӯи ҷабрдида зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.