Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳматнома

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

мӯҳтарам Рамазон Раҳимзода

 

 Аз тарафи хоҷагидорон ва

истиқоматкунандагони мавзеи

Дасторкозии ноҳияи Темурмалики

вилояти Хатлон 

Мо як гурӯҳ хоҷагидорон ва истиқоматкунандагони деҳаи Дасторкозии ноҳияи Темурмалик миннатдории худамонро ба Шумо мӯҳтарам Вазир ва корманди бахши тафтишотӣ полковник Ҳалимов Бобоҷон мерасонем.

Солҳои зиёде буд, ки мо дар деҳаи Дасторкозӣ хоҷагидорӣ ва зиндагии ором доштему шукри тинҷиву оромӣ ва истиқлолияту якпорчагии мамлакат мекардем. Шаҳрванд Бобоқулов Гулмурод соҳиби замин шуду оромию тинҷӣ аз деҳаи Дасторкозӣ нопадид шуд. 3-4 нафар зиндагии хуб доштанд, онҳо ба дод омада аз деҳа аз дасти ӯ кӯч бастанд, гарчанде ватани бобоён буд. Дуздии чорвои калону майда сар шуд.

Мо каллаю почаҳои гов ҷамъ карда мегурондем. Моли майдаро умуман намеёфтем. Подабонҳо корро бас карда мерафтанд.

Кори Бобоқулов Гулмурод дуздию гӯштфурӯшӣ буд. Мо ба куҷое, ки муроҷиат мекардем, бенатиҷа анҷом меёфт.

Аммо хушбахтона полковник Ҳалимов Бобоҷон омада, қилро аз мӯй ҷудо намуда, маҳорати баланди касбӣ нишон дод. Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Бобоқулов Гулмуродро ҷазои сазовор доданд. Сиёҳие, ки дар деҳаи мо буд, ба сафедӣ табдил ёфта, ба дили мардум умеду орзуҳои нав бахшид.

Сад раҳмати худованд ба Шумо ва ба чунин кормандони Шумо.

Чӣ хеле, ки мӯҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки ҷинояткор бояд ҷазояшро гираду милиса пушту паноҳи халқ бошад, Шумо дар ҳақиқат пушту паноҳи халқед.

Бо эҳтиром,

Абдуллоев Асадулло,

Каримов Қурбоналӣ,

Одинаев Боҳтурхон,

Мирзоев Аҳад,

Абдуллоев Қурбоналӣ,

Исмонов Холаҳмад.

08.08.2014 15:50
11