Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қувваҳои мусаллаҳ - муҳофиз ва сипари боэътимоди Ватан! 

22-юми феврали соли 2025 дар Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳофиз ва сипари боэътимоди Ватан» бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии Маркази мазкур баргузор гардид.
Дар ҷараёни конференсия зикр гардид, ки ҳанӯз дар солҳои барои давлату миллат ҳассосу тақдирсоз мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо роҳнамоӣ ва матонату мардонагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами  миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳи худро таъсис доданд. 
18-уми декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъ¬сиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба имзо расида, Артиши миллӣ таъсис дода шуд. 
23-юми феврали соли 1993 наху¬стин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуда, онрӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои мусал¬лаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қоби¬лияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои тех¬никӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчи¬ёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ мена-мояд.
Имрӯз сокинони мамлакат дар си¬мои Қувваҳои мусаллаҳ муҳофизи худро дида, онро сипари боэъти¬мод медонанд. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи моддию техникии имрӯзаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ менамояд. 
Тӯли ин солҳо ин ниҳоди тавонои кишвар ба як сохтори боэътимод табдил ёфта,  дар ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амният, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатар, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ нақши муассир дорад. Бо назардошти чунин рисолат Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, омода кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу Ватан, таъмин бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ, баргузории ҷамъомаду машқҳои низомӣ ва муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарон тадбирҳои амалӣ меандешад.
Боиси сарфарозист, ки кулли хизматчиёни ҳарбии мо тӯли 32 соли сипаришуда рисолати касбиву қарзи ватандӯстонаи худро бошарафона иҷро намуда истодаанд. 
Миллати тоҷик таърихан мардуми сулҳхоҳу таҳаммулгаро, фарҳангиву тамаддунсоз ва ватандӯсту ватанпараст мебошанд. Ватандӯстӣ мардуми моро аз вартаи нобудшавӣ эмин дошт ва  асоси муваффақиятро дар Артиши миллии мо низ тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ ташкил медиҳад. Пас, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан,  ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия кардани насли ҷавон вазифаи ҷонии ҳар яки мост.
Аз диловарию матонат ва шуҷоати хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф задан дар  самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ба хизмати Ватан омода гардидани онҳо муҳим арзёбӣ мегардад. Бахусус, дар замони ҳозира, ки ҷаҳони муосир пур аз зуҳуроти номатлуб ва дигар омилҳои манфӣ мебошад, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон ва  баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсиву ҳуқуқии онҳо шарт ва зарур аст. Танҳо бо садоқат ба Ватан ҳар як шахс метавонад дар  ҳифзи манфиатҳои давлату миллат камари ҳиммат бандад.

24.02.2025 17:31
49