Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди кишвар

22-юми феврали соли 2025, тахминан соати 12:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер», Шарипов Абдухалил Абдуалиевич, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Бобоҷонов Исломҷон Исмоилҷонович, соли таваллудаш 2019, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Бобоҷонов И.И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
22-юми феврали соли 2025, тахминан соатҳои 08:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ-523”, Мусоев Илҳомиддин Абдураҳимович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”, таҳти идораи Салимов Мегалӣ Саидович, соли таваллудаш 1952, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ҳамин ноҳия бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106” Салимов М.С. ҳангоми ба беморхона интиқол додан дар роҳ ба ҳалокат расида, мусофири дохили автомашинаи “ВАЗ-2106”, Хулмуродов Абдураҳим Нурмаҳмадович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ва ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Мусоев И.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
22-юми феврали соли 2025, тахминан соатҳои 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Аксио”, Камолов Фариддун Рисқибоевич, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Левакант ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Бобобекова Фарида Сайдаҳмадовна, соли таваллудаш 1999  ва хурдсол Бобобекова Зуҳро Сайдаҳмадовна, соли таваллудаш 2023, сокинони ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи мазкурро пахш намудааст.  
Дар натиҷа, Бобобекова Ф. ҷароҳатҳои вазинини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расида, хурдсол Бобобекова З. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
23-юми феврали соли 2025, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “КАМАЗ”, Намозов Аҳрор Рузиқулович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар маркази ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда Холназаров Холмумин Саймуродович, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”  Холназаров Х.С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили автомашина Ёраҳмадов Рӯзӣ, соли таваллудаш 1942, сокини ҷамоати деҳоти И.Шарифи ҳамин ноҳия ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

24.02.2025 8:30
23