Дастгир гардидани ҷавони 18-сола бо ҷурми қаллобӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи июни соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 49-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «КИА К5», арзишаш 130 ҳазор сомонӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус ЕС350», арзишаш 310 ҳазор сомонӣ ва 41 ҳазор сомонӣ, дар умум 481 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки то моҳи октябри соли 2024 хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар маҳаллаи 27-уми шаҳри Хуҷандро таъмир карда медиҳад. Аммо гумонбаршаванда ягон амалро иҷро накарда, як қисми маблағи пулиро азонихуд карда, фирор карда, ба ҷабрдида ба миқдори 133 ҳазору 510 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.