Вайрон кардани қоидаҳои ҳифз ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 61-солаи сокини шаҳри Исфара, ҷойи кораш директори ҶДММ «Заркӯҳ» (Унистром), дидаву дониста ки тибқи талаботи қонун истихроҷи минералҳои фоиданок дар ҳудуди ҷумҳурӣ танҳо бо иҷозатномаи махсуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, талаботи қонунро мадди назар карда, аз соли 2021 то инҷониб аз ҳудуди заминҳои деҳаи Хонаободи ҷамоати деҳоти Хонаободи шаҳри Исфара, ки дар фонди давлатӣ қарор дорад, бо вайрон кардани қоидаҳои ҳифз ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ маҳсулотҳои гаҷсангро берун аз заминҳои ба ӯ вобаста карда, ба фурӯш баровардааст.
Мувофиқи маълумот оид ба натиҷаи ташхиси лабаратории пешниҳоднамудаи КВД «Экспедитсияи комплексии геологии Қуроққум» таркиби ашёи хоми маҳсулоти мусодиракардашуда ба навъи 3 (83,95%) ҷинси кӯҳии гаҷсангҳо ва ҷинси омехта мебошад, ки гумонбаршаванда тибқи маслиҳати пешакӣ бо дигарон қоидаҳои ҳифз ва истифодаи сарватҳои зеризаминиро вайрон карда, ба манфиати давлат 224 ҳазору 598 сомонӣ зарари ҷидди моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 229 ва қисми 2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.