Боздошти зани 48-сола барои ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 48-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда хонаи истиқоматиаш, дар кӯчаи Фирдавсиро ба фоҳишахона табдил дода, 20-уми феврали соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, аз марди 30 ва зани 35-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам намуда, аз онҳо 180-сомонӣ ҳаққи хизмат гирифтааст.
Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ 11-уми феврали соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 29 ва ҷавонзани 25-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фархор барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам намуда, аз онҳо 230 сомонӣ ҳаққи хизмат гирифтааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.