Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ду ҳодисаи қаллобӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 39-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки марди 52-солаи сокини ҳамин шаҳр 20-уми марти соли 2013 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, бо мақсади додани замини наздиҳавлигӣ  маблағи пулии 15 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 19-уми январи соли 2025, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи шаҳрванди Ҷумҳурии Узбекистон даромада, аз ӯ 31-сар чорвои калони шохдорро, ки  арзишашон 425 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва барои фурӯхтан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда буд, тариқи ғайринақдӣ бо баҳонаи маблағашро дар муҳлати 10 шабонарӯз баргардонидан гирифта, онҳоро то ҳол барнагардонида, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

22.02.2025 8:52
15