Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани дуздӣ аз корхонаи истеҳсолӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 21-уми феврали соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи истеҳсоли газаблок, воқеъ дар кӯчаи Шаҳристони шаҳри Ваҳдат даромада, аз онҷо 1-адад хотираи камераҳои назоратӣ, 1-адад дастгоҳи кафшергарӣ, 3-адад фармондеҳи компютерӣ ва арраҳои дастгоҳи истеҳсолиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 36 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 33 ва ҷавони 23-солаи сокинони ноҳияи Кӯшониён ҷинояти мазкурро содир намудаанд. 
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

22.02.2025 8:50
14