Дастгир гардидани марди 27-сола бо ҷурми авбошӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Хуросон бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 16-уми феврали соли 2025, тахминан соати 18:40-дақиқа, дар қафои бозорчаи «Баракат»-и шаҳри Хуҷанд бо марди 38-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҷанҷол намуда, ӯро зери лату кӯб қарор дода, аз ҷайбаш кордчаи кисагии бо худ доштаашро гирифта, якчанд маротиба ба азъои бадани ҷабрдида зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.