Иштироки дастаи бонувони ВКД дар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувон барои дарёфти "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе"
15-уми феврали соли 2025 вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 феврали соли 2025, №64 "Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба «Рӯзи Модар»" дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Точикистон маросими кушодашавӣ баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа дастаи бонувони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ғолиби мусобиқа дар соли 2024 гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи бонувони Вазорати корҳои дохилӣ якчанд маротиба соҳиби ҷойҳои якум ва дуюму сеюми мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» гардидааст.
Ин дафъа низ дастаи мазкур аз худ малакаю маҳорати баланд нишон дода, ҷойи намоёнро ишғол намуд.




















