Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи ҳарбӣ-ватандӯстии "Ватанпарвар"

19-уми феврали соли 2025 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ даври ноҳиявии мусобиқаи шаҳрии ҳарбӣ-ватандӯстии "Ватанпарвар" аз рӯйи шартҳои гуногуни низомиву варзишӣ ва маърифатӣ бо иштироки 14 даста баргузор гардид.
Дар натиҷа, дастаи Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 1-ум, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 сазовори ҷойи 2-юм ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. 

21.02.2025 17:13
37