Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили 32-солагии Қувваҳои мусаллаҳ дар ВКД

Сулҳу оромӣ зи Артиш арзиши ваҳдат бишуд!
21-уми феврали соли 2025 дар маҷлисгоҳи ВКД ба ифтихори таҷлили 32-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ тамоми кормандони соҳаро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, иродаи қавии мардуми кишвар ва ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад, табрик гуфта, зикр кард, ки Артиши миллӣ кафили амнияту субот ва зиндагии осоиштаи мардум, такягоҳ ва сипари боэътимоди давлат мебошад.
Қувваҳои Мусаллаҳ зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.
Сол то сол боло рафтани иқтидори давлату Ҳукумат, беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва рушди тараққиёти иқтисодиёту саноат, ба беҳдошти шароити моддӣ-маишӣ ва хизматрасонии афсарону сарбозон мусоидат намуда, тамоми имкониятҳо барои хизмат фароҳам оварда шудаанд.
- Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар симои ҳар кадоми Шумо фарзандони содиқ ва сарсупурдаи Ватанро мебинад ва бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳеҷ гуна қувваи хилофкору фитнаҷӯй наметавонад рӯҳу тавон ва иродаи мустаҳками шуморо бишканад, - афзуд Рамазон Раҳимзода.
Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Таҳдиду хатарҳои рӯзафзуни замони муосир моро водор менамоянд, ки корҳои тарбиявиро дар байни ҳайати шахсӣ, бахусус, кадрҳои ҷавон тақвият дода, онҳоро ба ҳимояи марзу буми Ватан омода созем.
Дар ин зимн бояд ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувият ва худшиносии миллӣ, пос доштани арзишҳои дунявӣ ва рақобатпазир гардонидани ҷузъу томҳои низомӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад».
Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва ҷасорату фидокорӣ бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо фармоиши ВКД 56 нафар кормандону хизматчиёни Раёсатҳои қӯшунҳои дохилӣ ва Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД, ҳамзамон 102 нафар сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ бо мукофотҳои соҳавӣ, рутбаҳои навбатӣ ва медалу нишонҳои сарисинагӣ сарфароз гардонида шуданд.
Вазири корҳои дохилӣ дар охир бори дигар ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ табрику муборакбод намуда, барояшон осмони софу беғубор, осоиши рӯзгор, хотирҷамъӣ ва дар кору зиндагиашон барору комёбиҳо таманно намуда, таъкид кард, ки бо мукофотҳои соҳавӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонидани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нишонаи қадршиносӣ аз хизмати содиқона, далериву ҷасорат ва ҳушёриву шуҷоати онҳо дар ҷодаи таъмин намудани сулҳу оромӣ, амнияту осоиш ва қонунияту тартибот дар кишварамон мебошад.
Наврӯз Ҷобиров,
Тоҷиддин Латипов

21.02.2025 15:42
262