Ҳалокати ронанда бар асари ҳодисаи нақлиётӣ
19-уми феврали соли 2025, тахминан соати 17:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Чакман», Мардонзода Фарҳодӣ Абдувалӣ, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Душанбе-Чанок» дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина лағжида қисми оқибаш ба самти муқобили роҳ баромада, ба қисми пеши автомашинаи тамғаи «Мерседес-Атико», таҳти идораи Мунаваров Фарухҷон Ҳалимбоевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Истаравшан бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Атико», Мунаваров Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.