Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир намудани марди 33-сола бо ҷурми қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки қаблан соли 2011 бо моддаҳои 130 ва 334 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 6-уми феврали соли 2025, тахминан соати 05:00, дар истгоҳи «Абрешим»-и маҳаллаи 34-и шаҳри Хуҷанд бе ягон асос бо марди 35-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ баҳсу муноқиша намуда, якдигарро мавриди лату кӯби шадид қарор додаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

21.02.2025 8:19
24