Ошкор шудани сӯиқасд ба одамкушӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини шаҳри Панҷакент, ки қаблан соли 2009 бо моддаҳои 138, 139 ва 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 16-уми феврали соли 2025, тахминан соати 10:30-дақиқа, дар дохили бозори марказии шаҳри Панҷакент дар ҳолати мастӣ, бо корд духтарбачаи 7-солаи сокини шаҳри Панҷакентро як маротиба дар қисмати шикамаш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоршта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 32 ва қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.