Мусобиқаи кушоди варзишӣ дар қисми ҳарбии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ
Мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои шашка, турниккашӣ, сангбардорӣ ва бандкашӣ байни сарбозони қисми ҳарбии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо қароргоҳ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 32-юмин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори "Варзиш -заминаи солимии чомеа" баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа сарбозони қисми ҳарбии 3503 зиёда аз 50 варзишгар ҷалб карда шуданд.
Дар натиҷа, сарбозони зерин ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Аз намуди турниккашӣ:
- ҷойи 3-юм ду нафар аз ротаи комендатӣ Ҳаитов Абдуҷаббор ва Сангов Ғиёсиддин,
- ҷойи 2 Юсуфзода Муҳаммад аз ротаи 1-ум,
- ҷойи 1 Мирзоев Фирдавс аз ротаи 2-юм.
Аз намуди сангбардорӣ:
- ҷойи 3-юм Зоиров Ансор аз ротаи 1-ум,
- ҷойи 2-юм Абдуллоев Муҳаммад аз ротаи 1-ум,
- ҷойи 1-ум Давлатов Лутфулло аз ротаи 2-юм.
Аз намуди бандкашӣ:
- ҷойи 3 Ротаи 3-юм.
- ҷойи 2 ротаи комендантӣ,
- ҷойи 1 ротаи 1-ум.
Дар хотимаи мусобиқа ғолибон аз тарафи роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон ва ШҶ «Динамо»-и ВКД бо Ҷом, медал, Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома ва туфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.