Ҳалокати мусофир дар садамаи нақлиётӣ
18-уми феврали соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи сечарха (моторолер) тамғаи “Мелун”, Рабиев Абдулҳақ Давлатович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Шурқишлоқ ба самти деҳаи Сурхдараи ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ дар ҳудуди деҳаи Сурхдара аз уҳдаи идораи воситаи сечархааш набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, ба чуқурии обгузар афтидааст.
Дар натиҷа, мусофири сечарха Маҳмудова Рӯзигул Ҷумахоновна, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ронанда Рабиев А.Д., бо ду мусофири ноболиғ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мешаванд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.