Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон
Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза зани 44-солаи сокини ноҳияи Хуросон муроҷиат намудааст, ки аз моҳи августи соли 2023 то моҳи октябри соли 2024, марди 29-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 243 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муҳлати як моҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонида ӯро фиреб дода гаштааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ моҳи июли соли 2023 ҳангоми дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 53-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ бо баҳонаи пардохт кардани маблағҳои боҷи гумрукӣ 496 ҳазор рубли русӣ ва 2 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаст, ки маблағи мазкурро дар муҳлати кутоҳ бармегардонад.
Гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ маротибаи дуюм аз ҷабрдида 600 ҳазор рубли русӣ гирифта ваъда додааст, ки бар ивази он 1- адад таҷҳизоти техникӣ барои омода намудани семент аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳ дастрас мекунад, аммо ваъдаашро иҷро накарда, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида 1 миллиону 96 ҳазор рубли русӣ ва 2 ҳазор доллари амрикоӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Ҳамин тариқ зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи июли соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 25-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 75 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда, аз ин маблағ 20 ҳазор доллари амрикоиро дода, боқимонда маблағи 55 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо банди “б” қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.