Мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои шашка ва шоҳмот дар шаҳри Кӯлоб
Дар Қисми минтақавӣ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоби РВКД дар вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 32-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои шашка ва шоҳмот байни воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш - такмилгари дӯстиву рафоқат» баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии даҳ шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, аз он ҷумла Муассисаи давлатии Коллеҷи милитсия бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб ва Коллеҷи техникӣ-оташнишонии ноҳияи Данғара иштирок намуда, зиёда 60 варзишгар ҷалб карда шуд.
Дар натиҷа, нафарони зерин ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд:
Аз намуди шашка:
- ҷойи 3-юм Соибзода Курбонали,
- ҷойи 2-юм 2 Шахзоди Шохмурод,
- ҷойи 31-юм Бобоев Акбаршо.
Аз намуди шоҳмот:
- ҷойи 3-юм Интизори Ихтиёр,
- ҷойи 2-юм 2 Назарзода Наврӯз,
- ҷойи 1-юм Шарифзода Рамазон.
Аз мусобиқаҳои даставӣ:
- ҷойи 3-юм Коллеҷи техникӣ-оташнишонии ноҳияи Данғара,
- ҷойи 2-юм ШВКД дар ноҳияи Ш.Шоҳин,
- ҷойи 1-юм Коллеҷи милитсия бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб.
Дар хотимаи мусобиқа ғолибон аз тарафи роҳбарияти Қисми минтақавӣ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоби РВКД дар вилояти Хатлон ва ШҶ «Динамо»-и ВКД бо Ҷом, медал, Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома ва туфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.























