Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти варзишгарон дар мусобиқаи башардӯстонаи Осиë оид ба кикбоксинг

11-12-уми феврали соли 2025 дар шаҳри Кирмоншоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон мусобиқаи башардӯстонаи Осиë оид ба кикбоксинг баргузор гардид. 
Дар мусобиқаи мазкур 12 кишвар ва 320 варзишгар иштирок варзида, малакаю маҳорати худро нишон доданд.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгарони аъзои Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. 
Аз он ҷумла, Ғафоров Абубакр Қиëмиддинович дар вазни 72 кг ва Фатҳуллоев Исмоил Нарзуллоевич дар вазни 64 кг ба гирифтани медалҳои тилло ноил гашта, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштанд.
Варзишгарони бомаҳоратро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини аввали Раиси Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин Назрӣ ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифта, барои ба даст овардани ғолибият табрику таҳният намуданд.
    

19.02.2025 15:03
44