Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз беэҳтиётӣ ба марг расондани писарбачаи хурдсол

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони аз беэҳтиётӣ ба марг расондан дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 31-уми декабри соли 2024, тахминан соати 17:00, ҳамчун ронандаи трактори тамғаи “Беларус-МТЗ”, бо марди 40-солаи сокини ноҳияи Восеъ оиди овардани пояҳои пахта ба манзили истиқоматиаш маслиҳат намуда, аз сари заминҳояш 100-120 дарза пояҳои пахтаро ба трактори мазкур бор карда, ба ҳавлии марди 40-сола ворид шудаанд.
Сипас пояҳои пахтаро ба тарафи ҳавлии марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур чаппа кардааст, ки дар натиҷа девор чаппа шуда писарбачаи 4-солаи сокини ҳамин ноҳия зери девор монда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 108 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷкистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

19.02.2025 8:22
30