Таассуроти омӯзгорону донишҷӯён аз вохӯрӣ бо кормандони милитсия
Дар вохӯрии кормандони милитсия бо омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, ки рӯзи 28-уми декабр баргузор гардид, оид ба масъалаҳои марбут ба илму донишомӯзии ҷавонон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва ҳолатҳои шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ изҳори назар карда шуд.
Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон тамоми паҳлӯҳои вобаста ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯёнро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, фикру андешаҳои худро бо овардани далелу рақамҳо тақвият бахшид.
Тавре мавсуф иброз намуд, ҳамагон медонанд, ки ҳафтаи гузашта Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва мардуми тоҷик ироа гардид, ки дар он Роҳбари давлат дар баробари возеҳу равшан баён намудани фаъолияти тамоми соҳаҳои кишвар, ҳамзамон дар бораи аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дастгириву ҷонибдорӣ ёфтани пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» хабар доданд, ки ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди солимфикри ҷомеаи мо мебошад.
«Ҳамзамон, дар ин Паём дар баробари зикри як қатор масъалаҳои муҳим, Пешвои миллат, инчунин нақши назарраси ҷавонони кишварро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ба инобат гирифта, соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд. Ҳамагон медонем, ки имрӯзҳо ин пешниҳоди Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи кишвар, алалхусус шумо, ҷавонону донишҷӯёни азиз, ҳамовозии гарм пайдо кардааст», - афзуд номбурда.
Дар идомаи суханронӣ полковники милитсия А.Раҳимзода иброз намуд, ки бо вуҷуди он, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои илму донишомӯзӣ ва зиндагии шоистаи ҷавонон тамоми шароитҳоро муҳаё намудааст, вале ҷой доштани баъзе унсурҳои номатлуб дар байни онҳо аҳли ҷомеаи кишварро ба ташвиш овардааст.
Тавре ӯ зикр намуд, дар зарфи 11 моҳи соли 2016 аз тарафи ноболиғон 647 ва аз ҷониби ҷавонон беш аз 5 ҳазору 350 ҳолати ҷиноӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин миён, мутаассифона донишҷӯён низ дар содир намудани ҷиноят даст дошта, дар ин муддат аз тарафи ин қишри пешбарандаи ҷомеа 30 амали ҷиноӣ содир гардидааст.
«Вақте калимаи донишҷӯро ба забон меорем, пеши назар симои шахсе падидор мегардад, ки дорои дониши баланд, маърифату ахлоқи ҳамида ва фарди фаъоли давлату ҷамъият мебошад. Аммо баъзе намояндагони ин табақаи пешоҳанг бо содир намудани амалҳои ношоиста ба номи пуршарафи донишҷӯ иснод меоранд», - илова намуд мавсуф.
Сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД дар баромадаш оид ба сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва амалҳои номатлубе, ки имрӯз ҷомеаи моро нигарон сохтаву барои ошкору пешгирӣ намудани ин гуна аъмоли ношоиста фаъолияту ҳамоҳангии ҳамагон зарур аст, аз донишҷӯён даъват кард, ки баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҳамсолони худ намуна бошанд. Ҳамкориҳоро бо мақомоти корҳои дохилӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд. Барои анҷом додани ин гуна амалҳои хайр имрӯз тамоми шароитҳо муҳайё буда, дар Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсату шуъбаҳои маҳаллии он телефонҳои боварӣ фаъол мебошанд.
«Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, шахсан Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро пайваста бо ҷавонону донишҷӯён суҳбату вохӯриҳо баргузор карда, онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Имрӯз намояндагони ин табақаи фаъоли ҷомеа ба кори таъмин ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ки вазифаи ҳар як шаҳрванди масъулиятшиноси кишвар мебошад, ҳамаҷониба ҷалб гардида, дар ин самт бо кормандони милитсия ҳамкориҳои наздик доранд», - ибрози назар намуд А. Раҳимзода.
Дар навбати худ, директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ Зулайхо Зокирова ба масъулини ВКД барои гузаронидани чунин як вохӯрии судманд сипосу миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки ин ҷамъомад дар доираи нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ баргузор карда шуд.
Тавре ӯ иброз намуд, хушбахтона аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаи таълимии онҳо ягон нафар дар содир кардани ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ даст надорад.
«Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ дар ҳамкории наздик бо мақомоти корҳои дохилӣ қарор дошта, пайваста мулоқоту вохӯриҳои кормандони милитсия бо омӯзгорону донишҷӯёни он гузаронида мешаванд», - илова намуд З.Зокирова.
Дар қисмати муҳокимарониҳо низ иштироккунандагони вохӯрӣ фаъолнокӣ нишон доданд. Аз ҷумла, тавре донишҷӯи курси 4-уми ин коллеҷ Олимҷон Азизов иброз намуд, «ин вохӯрӣ аз ҳар ҷиҳат барои мо, ҷавонон хотирмон хоҳад буд. Хусусан, тамошои навори «Сад пушаймонӣ аз Сурия», ки аз ҷониби ВКД таҳия гардидаву дар аввали вохӯрии мо манзур гардонида шуд, хеле таъсирнок буд. Навор дар бораи сарнавишти он ҳамсолони ноогоҳи мо нақл менамуд, ки бо сабаби паст будани дарку фаҳмиш ва маърифату донишашон ба доми фиреби гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ гирифтор шуда, оқибат ҳаёти ҷавони худ ва наздиконашонро тираву тор намуданд. Вале хурсандибахш он аст, ки аксари ин гуна ҷавонони фиребхӯрда саривақт хатояшонро фаҳмида, бо мусоидати Вазорати корҳои дохилӣ ба Ватан баргаштанд».
Ба андешаи ин донишҷӯи фаъол, «ба туфайли вохӯрии судманд бо кормандони милитсия, мо аз вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҳамсолони худ огоҳ шуда, ваъда медиҳем, ки минбаъд бо донишу хониши аъло баҳри пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб кӯшиш ба харҷ медиҳем. Албатта, бо фаъолнокӣ нишон додан дар корҳои ҷамъиятӣ, зоҳир намудани масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳо ва бо салоҳияти баланд рафтор намудан нисбати таҳсил - мо, донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ дар кори пешрафту шукуфоии Ватани азизамон, ки онро ном Тоҷикистон аст, саҳми арзанда мегузорем».
Мавриди зикр аст, ки Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он беш аз 850 нафар ҷавонон дар ду баст таҳсил менамоянд. Дар бинои хобгоҳе, ки дар ҳудуди ин коллеҷ ҷойгир аст, 120 нафар донишҷӯён истиқомат дошта, бо шароити зарурии зисту таҳсил таъмин мебошанд.
Умед ОЧИЛОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ