Ҳалокати пиёдагарди ноболиғ бар асари садамаи нақлиётӣ
16-уми феврали соли 2025, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-ТИКО”, Муродзода Барот Рамазон, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди шаҳри “Ҳисор-Душанбе” дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагарди ноболиғ Умарализода Фараҳноз, соли таввалудаш 2019, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Умарализода Ф. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас карда гардида, дар беморхона пас аз 1-соат ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.