Аз ҷониби кормандони милитсия якчанд ҳодисаи дуздӣ ошкор гардид
Ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён аризаи марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 6-уми ноябри соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон” ва “Самсунг”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазору 150 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби корманлдони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ариза марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 5-уми январи соли 2025 шахси номаълум бо роҳи пинҳони ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 25 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро зани 29-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 375 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, аз моҳи январи соли 2025 то 14-уми феврали соли 2025 бо роҳи пинҳонӣ аз амборхонаи мағозаи ҷавони 21-солаи сокини пойтахт, воқеъ дар дохили бозори «Фаровон», ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маҳсулоти донагиро дуздида, ба воситаи рафиқаш ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Ҳисор фурӯхтааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.