Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 36-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Деваштич бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 17-уми феврали соли 2025, тахминан соати 09:30-дақиқа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич бе ягон асос бо марди 64-солаи сокини ноҳияи мазкур муноқиша намуда, бо мақсади расонидани зарар ба саломатиаш ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.