Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳодисаи роҳзанӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 27-солаи сокини шаҳри Норак муроҷиат намудааст, ки 5-уми октябри соли 2024 мардони 26, 28 ва 35-солаи сокинони шаҳри Норак бо маслиҳати пешакӣ барои зери лату кӯб қарор додани ҷабрдида аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон рафта, бо роҳи фиреб ӯро барои гирифтани маблағи пулии қаблан додааш аз Федератсияи Россия ба он ҷо даъват намуда, дар дохили дарахтзор бо истифода аз пораи арматур ва чӯбдаст ӯро зери лату кӯби шадид қарор дода, ҳамёнашро, ки дар дохилаш 250 ҳазор рубли русӣ мавҷуд буд гирифта, аз ҷойи ҳодиса ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бармегарданд. 
Оид ба ин ҳодиса бо моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

18.02.2025 9:34
15