Баргузории даври ноҳиявии мусобиқаи шаҳрии ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар»
15-уми феврали соли 2025 дар майдони Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид.
Иштирокчиёни мусобиқа тибқи Низомномаи тасдиқгардида аз рӯйи шартҳои машқҳои сафороӣ, тарбияи ҷисмонӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, мудофиаи гражданӣ ва тайёрии тиббию санитарӣ, пешниҳоди варақаи ҳарбӣ – ватанпарварӣ ва шарҳи он, нишонзанӣ бо милтиқи пневматикӣ байни ҳам сабқат намуданд.
Дар натиҷа Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №№100 ва 16 ҷойи 3, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ҷойи 2 ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 сазовори ҷойи 1-ум гашта, ғолиби ҷойи якуми мусобиқа ҳуқуқи дар даври шаҳрӣ ширкат варзиданро пайдо кард.
Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон медалҳо ва дипломҳои омодакардаи Кумитаи тадорукот супорида шуд.