Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намуди «Гуштини ҷудо»

Рӯзҳои 11-12-уми феврали соли 2025 дар маҷмааи варзишии Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намуди «Гуштини ҷудо» миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои кудратӣ, корхонаю идораҳои давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои Ҷумҳурии Тоҷикикстон» таҳти шиори «Варзиш - бар зидди нашъамандӣ» баргуззор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 15 даста аз вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ ширканд варзиданд. Кормандони мақомоти давлатӣ дар мусобиқаи мазкур дар ҳафт вазн қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа, ҷойи якум насиби дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюм насиби дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҷойи сеюм насиби дастаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Дар анҷоми мусобиқа аз ҷониби муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо ба ғолибон ва ҷойизадорон Ҷом, медал, Ифтихорномаи фахрӣ, Сипоснома, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. 

18.02.2025 16:06
7