Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВКД ташаббусҳои ҷавононро ҳамеша дастгирӣ мекунад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 изҳор намуданд, ки «Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад.
Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт».
Дар партави дастуру супоришҳое, ки дар паёмҳои Роҳбари давлат вобаста ба диққати зарурӣ додан ба масъалаи ҷавонон ироа мегарданд, Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ тарбияи насли ҷавон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро ба роҳ мондааст. Ин аст, ки бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кормандони милитсия дар баробари мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб ҳамкориҳоро бо дигар сохторҳо, бахусус Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Дар доираи равобити судманд бо ин сохтори масъули кор бо ҷавонон суҳбату вохӯриҳо дар байни ҷавонон вусъати тоза касб намудааст. Роҳандозӣ гардидани ин ибтикорот дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷавонони мамлакатро боз ҳам муттаҳид намуд.
Маҳз ҳамин гуна фаъолнокӣ дар ҷомеа аст, ки дар саросари кишвар як зумра ҷавонони пешсаф дар заминаи шиорҳои хизмат намудан ба халқу Ватан, баланд бардоштани мақому манзалати миллати таърихии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, пешгирии амалу кирдорҳое, ки ба шаъну шарафи миллату давлати миллии мо иснод меоваранд, мубориза бо бегонапарастию хурофотзадагӣ дар ҷомеа, ба роҳи рост ҳидоят намудани насли ҷавон ва тарғиби илму донишандӯзӣ миёни ҳамсолонашон, муттаҳид шудаанд. Ин иттиҳоди ҷавононро, ки баҳри пойдориву устувории ваҳдати сокинони тамоми манотиқи кишвар нигаронида шудааст, бисёре аз ташкилоту идораҳои давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои боз ҳам ҳамвор сохтани роҳи онҳо баҳри созандагию ободкориҳо мусоидат менамоянд. 
Дар вохӯрие, ки ба ин хотир бо ташаббуси Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулини як қатор сохтору идораҳои давлатию ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Дар ҷамъомади мазкур, ҳамчунин як гурӯҳи калони ҷавонон, ки бо иқдому ташаббусҳои ватандӯстона дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои замони соҳибистиқлолӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии амалҳои ношоиста дар ҷомеа нақши фаъол доранд, ширкат варзиданд. 
Зимни суханронӣ дар ин чорабинии бошукӯҳ муовини якуми сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти олии давлат нисбати ҷавонон, фароҳам овардани тамоми шароитҳо барои илмомӯзиву донишандӯзӣ, аз ҷумла аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва дар ин замина, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ низ пайваста дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои ҷавонон дар саросари кишвар ёдовар шуда, ҷавононро дастёру мададгори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кори таъмини назму тартибот дар ҷомеа арзёбӣ кард. 
Дар идомаи чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Исмоилзода, сардори ШВКД-1 дар ин ноҳия генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Моҳира Исмонова ва чанде дигар маърӯзаҳо намуданд. Аз ҷумла, сардори ШВКД-1 дар ноҳия Қ. Назарзода устувории робита бо ҷомеаро самти муҳими фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ арзёбӣ карда, дар ин замина, бо такя ба хиради азалӣ ва бо пайравӣ ба ниёгони донишманд ҳамаҷониба дастгирӣ намудани насли наврасу ҷавон, саҳмгузорӣ кардан дар таълиму тарбия ва ба роҳи росту фоидаовар раҳнамун сохтани онҳоро қарзи инсонии ҳар як шаҳрванди солимфикри ҷомеа баён кард.
Корманди РОПҲНҶ ВКД Фирӯз Қодиров дар баромади худ оид ба масъалаҳои доғи ҷомеа, яъне истифодаи дуруст аз телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз тарафи наврасону ҷавонон изҳори андеша намуд. Тавре ӯ баён дошт, имрӯз ташкилоту созмонҳои экстремистию террористӣ дар бештари ҳолатҳо барои мағзшӯии ҷавонон ва ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонони ноогоҳ маҳз тариқи телефонҳои мобиливу шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ корбарӣ менамоянд. - Аз ин рӯ, дар истифода аз телефону сомонаҳои гуногун эҳтиёткор бояд буд, - хулосабарорӣ кард номбурда.  
Дар навбати худ, чанде аз ҷавонони фаъоли ноҳияи Рӯдакӣ ба сухан баромада, барои дастгириҳои ҳамаҷониба ба роҳбарияти олии давлат ва Вазорати корҳои дохилӣ арзи сипос намуданд. Онҳо аз он изҳори хушҳолӣ карданд, ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи сохтору идораҳои дахлдор, аз ҷумла аз ҷониби роҳбарияти ВКД тамоми иқдому ташаббусҳояшон дастгирӣ меёбанд.
Дар интиҳои ҷамъомад фаъолҷавонони ноҳия барои хизматҳои арзандаашон баҳри халқу Ватан, пойдории суботи оромии ҷомеа ва тарғиби илму донишомӯзӣ миёни ҳамсолонашон бо Ифтихорномаву Сипоснома ва як қатор туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Абдулло ШОҲИЁН,
подполковники милитсия

17.02.2025 18:04
46