Ошкор шудани ҳодисаи ғоратгарӣ дар ноҳияи Қубодиён
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Қубодиён дар ҳайати гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ бо мардони 36, 41, 26, 33, 44 ва ҷавони 24-солаи сокинони ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон шаби 12-уми феврали соли 2025, тахминан соати 23:30-дақиқа, аз ҳиссиёти авбошӣ дар деҳаи Арабхонаи ноҳияи Қубодиён марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкурро дашномҳои кабеҳ дода, ӯро лату кӯб намуда, бо тариқи зӯроварӣ ва ошкоро аз дасташ як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А50” арзишаш 2 ҳазор сомонӣ ва 700-сомониашро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 248 ва қисми 2 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.