Дастгир гардидани ҷавони 19 сола бо ҷурми тамаъҷӯӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи январи соли 2025 бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ бо роҳи иръоб (шантаж) дар телефони мобилии худ сомонаи иҷтимоии «Instagram» кушода, вориди саҳифаи «Instagram»-и ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи Данғара гардида, якчанд расмҳояшро гирифта дар болояшон суханҳои таҳдидкунанда ва пасткунандаи шаъну шараф навишта, дар саҳифаи сомонаи иҷтимоии «Instagram» ба дигарон паҳн намуда, барои нест намудани расмҳояш аз ҷабрдида 200 сомонӣ талаб намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.