Ба қатл расонидани ҳамсар дар натиҷаи муноқиша
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 54-солаи сокини шаҳри Бустон бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 15-уми феврали соли 2025, тахминан соати 04:00, дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти бадбинӣ ва нофаҳмии оилавӣ бо ҳамсараш зани 54-сола муноқиша карда, бо зарфи шишагӣ ба сару рӯяш якчанд маротиба зада, аз ин кирдораш қонеъ нагашта, бо корди ошхонагӣ 5 маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.