Қаллобӣ дар самти ташкили бозиҳои бурднок
Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд мардумфиребии шаҳрванд Назирзода Зафар Абдуфатоҳ соли таваллудаш 1996 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшанро ошкор ва нисбаташ бо дастрасии талаботи қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд. Номбурда бо номи «ZAFARSHOW» дар шабакаи интернетӣ саҳифаи тарғиботии бозиҳои бурднок кушода давоми соли 2024 бо гузоштани гӯё туҳфаҳои пулӣ ва шоҳҷоиза - воситаҳои нақлиёти гуногунтамға ба тақаллубкорӣ роҳ медиҳад. Шаҳрвандон ба шафофияти бозии бурднок бовар карда чипта харидорӣ карда бошанд ҳам, номбурда бозии пешбинишударо нагузаронида маблағҳои аз фурӯши чипта тавассути ҳамёни электронӣ ба даст овардаашро ба манфиатӣ шахсӣ сарф намудааст.
Ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ милитсия муайян намуд, ки гумонбаршуда Назирзода З., бо мақсади дар бозиҳои бурдноки ташкил намудааш гузоштани воситаҳои нақлиёт, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон даромада воситаҳои нақлиётро тариқи насия ба даст оварда минбаъд маблағи мувофиқашударо қисман ё умуман пардохт накардааст.
Ё ин кӣ, лавҳаи видеоии воситаҳои нақлиёти гаронарзишро дар саҳифааш ҷойгир карда бо ин васила диққати шаҳрвандони ба бозиҳои бурднок майл доштаро ҷалб карда чипта фурӯхтааст.
Илова бар ин, ҳамчун қарз гирифтани маблағҳои калони пулӣ аз ҷониби гумонбаршуда низ ҷой дорад.
Нафарони аз кирдорҳои Назирзода Зафар Абдуфатоҳ зарардида метавонад тавассути телефонҳои боварӣ (84322) 6 22 22; (92) 849 11 11; (93) 333 31 26 занг зананд ё ба мақомоти милитсияи маҳалли зисти худ хабар диҳанд.
Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.