Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар 

12-уми феврали соли 2025, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-ЛАБО», Холжигитов Ҳусниддин Шералиевич, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Ваҳдати ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ба самти кӯчаи марказии ҷамоати деҳоти мазкур, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Носиров Салимбой Раҳимбоевич, соли таваллудаш 1961, сокини ҳамин ноҳия, ки аз тарафи рост роҳро убур мекард, пахш кардааст. 
Дар натиҷа, пиёдагард Носиров С.Р, ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
13-уми феврали соли 2025, тахминан соати 18:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Шкода”, Тоиров Султонмурод Шералиевич, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Б.Ғафуров аз самти кӯчаи Ҷ.Расулов ба самти кӯчаи Н.Махсум, дар рӯ ба рӯи корхонаи “Агентии обу ҳавошиносӣ” пиёдагард, Ҷавлиев Абдусамад, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, пиёдагард Ҷавлиев А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

14.02.2025 8:59
34