Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 10-уми марти соли 2024 марди 37-солаи сокини ноҳияи Рашт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “БМВ”-ро ба маблағи 385 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази маблағ 1-адад манзили истиқоматӣ, воқеъ аз маҳаллаи Балхи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, ба ҷабрдида зарари калони моддӣ расонидааст. 
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

14.02.2025 8:58
31