Қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 12-уми феврали соли 2025, тахминан соати 16:00 дар кӯчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе бо марди 33-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, бе ягон асос ӯро лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.