Пешвои миллат – сиёсатмадори созанда
Эмомалӣ Раҳмон
Кишвари азизамон, баъди расидан ба истиқлолияти комили сиёсӣ ба як қатор муваффақиятҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ноил гашт. Дастовардҳои кишвари мо дар ҷои хушку холӣ ба вуҷуд наомада, балки он заминаҳои зиёди таърихиро дар худ доро мебошад. Халқи тоҷик аз замонҳои қадим фарҳангу давлатдории ба худ хосро соҳиб буд. Инчунин мардуми тоҷик шахсиятҳои зиёдеро соҳиб аст, ки барои рушду инкишофи ин миллату сарзамин хизматҳои зиёде кардаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои бонуфуз ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои рушди давлати соҳибистиқлоли мо хизматхои беназире кардаааст.
Бо шарофати истиқлолияти кишвари азизамон Тоҷикистон, пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, ҳамчунин азму талоши ватандӯстонаи мардуми тоҷик зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ин абармарди олами сиёсат ба кулли ҷабҳаҳои ҷомеа - иқтисодиёт, сиёсат ва илму фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Аз солҳои нахустине, ки мардуми тоҷик таҳти роҳбарии сарвари раиятпарвараш истиқлолияти давлатиро ба даст овард, дар тамоми самтҳои ҳаёт тағйироти куллӣ ба миён омад.
Яке аз хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Ваҳдат – беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдати миллӣ, яке аз дастовардҳои беназире мебошад, ки миллати тоҷик бо кӯшишҳои зиёди фарзандони барумандаш ба даст овардааст.
Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик ва махсусан ҷавонон дастоварди муҳим ва беназире мебошад, ки барои рушди минбаъдаи тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ кӯмак намудааст. Агар истиқлолият барои мо мустақилият ва озодиро оварда бошад, Ваҳдати миллӣ барои рушди давлат, нигоҳдории истиқлолият ва якпорчагии ватани азизамон мусоидат намуд. Барои ҳимояи истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас ва шоёни таҳсин мебошад. Ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ низ имрӯзҳо мактаби сулҳпарваронаи ин абармардро меомӯзад ва кӯшиш менамоянд, ки ҳамчун намуна истифода баранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат дониста, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намудааст. Мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи ҷавонон дар мамлакати мо қариб нисфи аҳолии кишварро ташкил медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибӣ кардани мероси ғании ниёгонамон ба ҷавонон шароити мусоид фароҳам овардааст.
Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сафи ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод низ рӯз ба рӯз меафзоянд. Хонандагони макотиби миёна ва муҳассилини донишкадаву донишгоҳҳои кишвар дар озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Бо шарофати варзишгарони ҷумҳурӣ ҳар сол чанд маротиба парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар гӯшаву канори олам парафшон мегардад, ки ин ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Ҳамаи ин дастовардҳои беназир натиҷаи сулҳу суботи сартосарӣ, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва хизматҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Воқеан ин абармарди дунёи сиёсат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва боварии зиёд доранд. Ҳамин боварӣ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар созмонҳои бонуфузтарини ҷаҳонӣ аз номи ҷавонон ва бо ҷонибдории ҷавонон сухан мегӯянд.
Дар конфронсе, ки соли 2014 дар Федератсияи Россия дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон пешниҳод намуданд, ки «яке аз солҳои пешорӯ «Соли ҷавонон» эълон карда шавад». Ин пешниҳоди Сарвари давлати тоҷикон хеле бомаврид ва саривақтӣ аст. Зеро асри XXI асри пешрафти технология буда, ҷавонон дар муқоиса бо дигар қишрҳои ҷомеа ба технологияи иттилоотии муосир бештар майл доранд. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши мазкур дар ин бора гуфтанд, ки «Ҷавонони имрӯза дар ҷаҳони гуногунии фарогир аз технологияҳои нав ва пешрафти илмию техникӣ зиндагӣ доранд. Ҳамзамон бояд эътироф намуд, ки бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ маҳз ба ҷавонон таъсири зараровар расонид. Насли ҷавони мо шоистаи бовар доштан ба фардо аст ва мо бояд барои ин бештар саъю кӯшиш намоем. Дар ин росто роҳ надодани ҷалби ҷавонон ба ҷунбишҳои мухталифи ифротӣ бояд мақсади асосии мо гардад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамчун ояндасозони миллат итминони комил доранд ва дар нишасти баргузоргардида дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай қайд карданд, ки «Кор бо ҷавонон ва ба нафъи ҷавонон бояд яке аз авлавиятҳои муҳими Созмони Ҳамкории Шанхай гардад. Ин имкон медиҳад, ки механизмҳои наву бештар самарабахши ҷалби ҷавонон ба татбиқи нақшаҳои муштараки созандагӣ, пеш аз ҳама Стратегияи рушди Созмони Ҳамкории Шанхай барои даҳсолаи оянда рӯи кор оварда шаванд».
Солҳои охир ҷавононе, ки дорои маърифати баланд ҳастанд, хуб дарк намуданд, ки батадриҷ ояндаи ҷомеа ва идораи давлату миллат ба дасти эшон мегузарад ва бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ устуворона дар ҷодаи илмҳои дунявӣ қадам мегузоранд. Аммо нуқтаи аз ҳама муҳим барои инсон ин дӯст доштани Ватан мебошад, зеро ба ақидаи донишмандон муҳимтарин омил дар роҳи шаклгирии мафкураи устувор ин рӯҳияи баланди миллӣ ва ифтихор аз Ватани азиз мебошад. Вақте ки ҷавонон аз ғояву ифтихори миллӣ саршор ҳастанд, дарк менамоянд, ки рушди устувори ҷомеа ба дӯши онҳост. Маҳз меҳрубониву ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон буд, ки дар бузургтарин ҳамоиш пешниҳод намуданд, то яке аз солҳои пешорӯ соли ҷавонон эълон карда шавад.
Мо имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки он хизматҳое ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҷомеа ба анҷом расонида истодаааст, баҳри шукуфоии кишвари азизамон мусоидат менамояд. Ҷавонони тоҷик таҳти роҳбарии ин шахсияти бузург ояндаи дурахшон доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалқӣ ҷойгоҳи намоёнеро соҳиб мебошад. Бо аксарияти кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ робитаи хуберо барқарор намудааст, ки барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.
Имрӯзҳо пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин ниҳодҳо ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар амал татбиқ мегарданд ва дар низоми нави ҷаҳонӣ мавқеъ ва нуфузи миллату давлати моро боз ҳам болотар мебарад.
Абдуев Х.Н., Саидакбари З., омӯзгорони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур