Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таваҷҷуҳ ба ҳаёти ҷавонон аз ҷониби милитсияи Суғд

11-уми феврали соли 2025 бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҷиҳати шиносоӣ аз фаъолияти ҷавонони фаъол ва қадршиносии заҳмати шоистаи анҷомдодаи онҳо ба манфиати суботу осоиштагӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, иштирок дар чорабиниҳои тарғиботии хислати ватандӯстӣ дошта вохӯрии сардори Раёсат генерал-майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло бо доираи васеъи донишҷӯён ва ҷавонони фаъол доир гашт. Мулоқоти мазкур дар вазъияти тантанавӣ дар толори калони Раёсат бо иштироки кормандони масъули Хадамоти огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагони ҷавонони фаъол аз 18 шаҳру ноҳияҳои минтақа ҷараён гирифт.
Гуфтан ба маврид аст, ки таъмини дастуру супоришҳои дар Паём ироагардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷуҳ кардан ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон, ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои эшон, роҳнамоӣ ба амалҳои созанда ва қадршиносии хизмати онҳо, ҳамчунин таъмини супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри муҳайёсозии фазои рушд ба ҷавонон, истифодаи қобилияти зеҳниву ҷисмонии онҳо дар амалисозии барномаҳои давлатӣ буд. Чорабинии мазкур таҳти шиори «Ояндаро месозем» дар фазои мутантан баргузор гашт.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло чорабиниро ифтитоҳ намуда дар оғоз миннатдории Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзодаро ба самъи ҷавонон расонид. Аз номи Вазири корҳои дохилӣ таъкид гардид, ки иқдомоти солиму некбинона, хислати баланди ватандӯстӣ ва муттаҳидии ҷавонони фаъол дар атрофи мақомотҳои давлатӣ имконият медиҳад, ки ояндаи Ватанро насли матиниродаву хештаншинос пуштибон бошанд.
Роҳбари аввали милитсияи Суғд дар маърӯзаи худ ҷавононро ба идома додани корҳои созанда ба нафъи давлату миллат даъват намуд. Хизмат ба Ватанро қарзи шаҳрвандӣ, намунаи олии муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ унвон карда, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки нерӯи ҷавониро танҳо ба иқдомҳои созанда ба манфиати ҷомеа сарф намоянд. 
Ватандӯстиву маъулиятшиносӣ ду хислати наҷибе мебошанд, ки шахсро аз роҳи хато ва гумроҳӣ боз медорад. Аз якчанд ташабусҳои ҷавонои фаъол ёдоварӣ карда сардори Раёсат таъкид намуд, ки баҳри солим нигоҳдоштани авзои ҷомеа фаъолияти дастаҷамъона ба маврид буда, бетарафӣ моро ба вайронӣ мебарад. Ба хотири оне, ки ояндаи дурахшони мо таъмин бошад мо аз имрӯз насли ҷавонро бояд ба роҳи рост ҳидоят намоем.
Дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба ҷавонон аз донишандузӣ, интихоби ҳаёти солим, ахлоқи ҳамида, пуштибонӣ аз муқаддасоти миллӣ, дӯстдории Ватан ва омодагӣ баҳри ҳифзу манфиатҳои миллӣ сухан кард.
Дар қисмати музокира таклифу пешниҳоди ҷавонон барои боз ҳам хубтару нишонрас  пешбурдани фаъолият, баланд бардоштани мавқеъи ҷавонони пешоҳанг шунида шуда аз тарафи сардори Раёсат қабул гардид. Баргузории ҳармоҳаи ҷаласаи корӣ, ташкили ҷаласаҳои сайёр, ташкили сафарҳои гуруҳии ҷавонон ба шаҳру ноҳияҳо, ҳарчи бештар намудани сафи ихтиёрон аз зумраи пешниҳодҳо буд.
Дар идома ҷавонони фаъоле ки мунтазам дар байни ҳамсолони худ тарзи ҳаёти солимро тарғиб намуда дар пешгирӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳм мегузоранд бо Сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Қобили қайд аст, ки таваҷҷуҳи милитсияи Суғд рӯҳияи ҷавононро болида гардонида, баҳри иҷрои қарзи ҷамъиятӣ омодатар  намуд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия

13.02.2025 15:10
76