Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсози миллат

 

Бояд тазаккур дод, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи миллӣ ва барои Истиқлолияти давлатии бадастомада, Ваҳдати миллӣ, инчунин дар таърихи пешрафти иқтисодиёти мамлакат хеле назаррас аст, ки он аз хотирҳо зудуда намешавад. Дар баробари барпо намудани Иҷлосияи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои олӣ интихоб гардида, аз ҳамон давр фаъолияти худро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ободу зебо гардонидани он дар дилу дидаи мардум ҷо гирифта, то ба имрӯз идома дода истодааст.
Ин иҷлосия дар таърихи миллати тоҷик барои ба даст овардани ҳамгироӣ, сулҳу суботи миллӣ, ҳамдигарфаҳмии қувваҳои мухолиф мусоидат намудааст. Тавре ки ба ҳамагон мусаллам аст, баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, собиқ ҷумҳуриҳои бародар, аз ҷумла, Тоҷикистон соҳибистиқлолу озод гардиданд.
Воқеан ҳам Истиқлолият ва озодӣ барои ҳар як миллат бузургтарин падидаи маънавӣ ва сиёсист. Аз ин лиҳоз, миллату халқиятҳои ба ору номус, худшиносу худтақдирсоз метавонанд аз ин падидаи худодод барои рушду нумӯи хеш ва дар арсаи ҷаҳонии тамаддуну тараққиёт барои пеш рафтан истифода намоянд. Таърих ҳазорҳо мисолро медонад, ки халқҳои ҷаҳон чӣ тавр барои ба даст овардани истиқлолият ва пойдории он ҷонбозиҳо намудаанд. Миллатҳое, ки аз шаҳди мубориза комрон нашудаанд, ноаён аз саҳифаҳои таърих ғайб задаанд.
Хушбахтона лаҳзае фаро расид, ки Тоҷикистон ҳам аз ин тӯҳфаи илоҳӣ комёб гардад ва ҳамин тавр, дар таърихи тоҷикон саҳифаи наве боз шуд, ки он тӯҳфаи илоҳӣ «Истиқлол» буд.
Инак, саволе ба миён меояд, ки мо ва дигар халқҳои собиқ шӯравӣ Истиқлолро чӣ тавр қабул кардем?
Ҷумҳуриҳои собиқ Иттиходи Шӯравӣ, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо расиданд, шукри Истиқлол намуда, бо руҳу илҳоми нав ба ободу хуррам сохтани ватани аҷдодии хеш камар бастанд.
Тоҷикистони мо чӣ? Сад афсӯс, ки дар Тоҷикистон ин тавр нашуд. Ҷоҳталабону қудратталабон бо пуштибонии қувваҳои хориҷӣ якбора ба муборизаи ошкоро бархостанд, ки оқибат сабабгори ҷанги ҳамватанӣ шуданд. Тавре ки маълум аст, ҳанӯз то Иҷлосияи сарнавиштсози ХV1 Шӯрои Олӣ дар ҷумҳуриамон ҳодисаву воқеаҳои зиёде ба вуқӯъ пайвастанд. Аз ин лиҳоз, мехостем ба таври умумӣ ҳам бошад, баъзеи онҳоро ёдовар шавем.
Баъди ба даст даровардани Истиқлолият дере нагузашта интихоби Раиси ҷумҳур баргузор гардид, ки дар он қувваҳои гуногуни сиёсӣ иштирок намуданд. Раҳмон Набиев Раиси ҷумҳур интихоб гардид (24 ноябри соли 1991). Вале афсӯс, ки интихоби Президент ба ваҳдати миллии тоҷикон боис нашуд, баръакс ибтидои нохушиҳо дар кишвар гардид.
Ҳукумати ҷадиди Тоҷикистон ба саҳву хатогиҳо роҳ дод. Президент мебоист зина ба зина сохтори давлатиро аз нав месохт, ки ба давлати соҳибистиқлол хос бошад, вазъияти ба амал омадаро хуб дарк мекард ва қарору хулосаҳои оқилона қабул менамуд. Ё ин ки аз ҳама муҳимаш артиши миллии худро ҳамчун гарави соҳибихтиёрӣ созмон медод; пули миллие, ки яке аз рукнҳои истиқлолияти миллӣ аст, ҷорӣ мекард, вале ин корҳоро накард. (Дигар ҷумҳуриҳо бошанд, фавран артиши миллии хешро созмон доданд ва пули миллии худро бароварданд). Ҳатто Ҳукумат моҳияти иқтисоди бозоргониро дарк карда натавонист. Иқтисоди замони Шӯравӣ побарҷо (пойдор) буд. Умуман, давраи ҳукмронии Раҳмон Набиев (аз 23 сентябри соли 1991 то 7 сентябри соли 1992) қуваҳои мухолифро ба майдони истеъмол овард.
Аз ин ҷост, ки дере нагузашту тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо ва ба ҷабҳаҳои мухолифи ҳамдигар тақсим шудани қувваҳои сиёсӣ оғоз гардиданд. Муқовимати сиёсӣ бошиддат авҷ гирифта, оқибат ба задухӯрди мусаллаҳона гирифта овард.
Вазъияти сиёсӣ чунон печида ва буҳронӣ гардида буд, ки ҳатто Ҳукумати бо ном муросои миллӣ (10 май таъсис ёфта буд) аз уҳдаи роҳбарӣ кардани давлату ҷомеа баромада натавонист. Натавонист, ки вазъи сиёсии кишварро ба эътидол оварад.
Ин ҷо зарурият ба ёдоварист, ки ин ҳукумат ягон тадбири судманд наандешид, баръакс ба фишору зӯроварӣ такя кард, тарафдорони худ ва шахсони гумроҳшударо ба силоҳ гирифтан даъват намуд, онҳоро ба ҷанги хонумонсӯз барангехт, ба сари бародар теғ кашидани бародарро раво донист ва дар натиҷа ҷумҳурии соҳибистиқлолро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Оқибат дар кишвар беқонунӣ, бенизомӣ ва анархияи сиёсӣ ҳукмрон гардид.
Ҳамин тариқ, дар он рӯзҳо хатари ҳамчун давлати мустақил аз байн рафтани Тоҷикистон ба воқеият табдил меёфт. Барои пеши роҳи ин селоби фалокатборро гирифтан ва наҷот додани миллат аз парокандагӣ, афроди солимфикр ва фарзандони ватандӯст муттаҳид шуданд, зеро вазъият андешидани чораҳои қатъӣ, фаврӣ ва таъхирнопазирро тақозо мекард. Аз ин хотир, дар шароите, ки Тоҷикистони азизро ҷанги хонумонсӯзу бародаркуш, фалаҷ шудани дастгоҳи давлатӣ ва буҳрони шадиди иҷтимоиву иқтисодӣ фаро гирифта буд, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ даъват карда шуд, ки ин ягона иқдоми оқилона буд.
Инак, Иҷлосияи таърихии фавқулодаи XVI Шӯрои Олӣ дар қасри маданияти хеле бошукӯҳу боҳашамат, колхози (ҳоло хоҷагии) овозадори ба номи ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, деҳқони номвар Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаеви назди шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид ва он аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 давом кард. Дар кори Иҷлосия бидуни вакилони халқ боз намояндагони ҳукуматҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, меҳмони фахрии Иҷлосия намояндаи Созмони Милали Муттаҳид Сомерейнс ва дигарон ширкат варзиданд.
Сабаби ғайриоддӣ тӯл кашидани кори Иҷлосия ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли проблемаҳои муҳимтарини рӯз, яъне гирифтани пеши роҳи ҷанги оташгирифта ва ба роҳи сулҳу салоҳ, созандагиву бунёдкорӣ ворид намудани Тоҷикистон буд.
Дар Иҷлосия масъалаи асосӣ – масъалаи рақами як, масъалаи ҳокимият буд ва он ҳаллу фасл гардид. Иҷлосия ҳукумати нави Тоҷикистонро созмон дод ва Раёсати нави Шӯрои Олии ҷумҳуриро интихоб намуд, яъне Низоми конститутсиониро барқарор намуд. Дар қатори дигар масъалаҳо, Иҷлосия масъалаи истеъфои Ҳукумати мусолиҳаи миллиро баррасӣ кард ва қабул намуд. Инчунин аризаи нави Раҳмон Набиев оид ба истеъфо рафтани ӯ низ маъқул дониста шуд.
Дар Иҷлосияи XVI вакилони халқ баъди муҳокимаи тӯлонӣ ба хулоса омаданд, ки ҷомеаи мо ба тарзи идоракунии президентӣ тайёр нест. Ба ин хотир, аз ин шакли идоракунӣ даст кашида, барқарор кардани парламенти коллегиалиро (бо маслиҳат кор карданро) ба мақсад мувофиқ донистанд. Минбаъд раиси Шӯрои Олӣ сарвари давлат ҳисоб мешуд. Ҳамин тавр, Ичлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба ташкили давлату Ҳукумати нави қонунии Тоҷикистон асос гузошт.
Инчунин, дар Иҷлосияи мазкур ба хотири зудтар қатъ гардонидани хунрезии байни бародарон ва истиқрори сулҳу салоҳ дар кишвар, як силсила қарору қонунҳои муҳими тақдирсоз қабул карда шуданд. Сазовор ба ёдоварист, ки дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ чунин муқаддасотҳо, ба монанди Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
19-уми ноябри ҳамон сол воқеаи фаромӯшнопазир рух дод. Иҷлосия Акбаршо Искандаровро аз мансаби раиси ШОҶТ озод намуд ва бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ба ин мартабаи баланд ва масъулиятнок раиси Комиҷроияи ҳамонвақтаи вилояти Кӯлоб Э.Ш.Раҳмоновро интихоб намуд. Аз 197 депутатҳои халқӣ 186 нафарашон ба Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов овоз доданд.
Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмонов сарвари органи Олии қонунбарори ҷумҳурӣ, яъне сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардид ва аввалин сухани ӯ ин тавр буд: «Ба гузашта салавот!»
Интихоби Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов ба ин вазифаи аз ҳама баланди давлатӣ қонунӣ ва дуруст буд. Зеро ки депутатҳо фарди интихобкардаи худро хуб медонистанд. Медонистанд, ки ӯ ташкилотчии боистеъдод, шахси адолатпеша ва меҳанпараст, боҷасорат ва қавиирода мебошад. Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмонов, ки аз байни халқи оддӣ баромада буд, (аз кӯдакӣ бо падари деҳқонаш паҳлу ба паҳлу истода дар замин кор мекард) зиндагии мардуми заҳматкашро хуб медонист, ба қадри одаму одамгарӣ мерасид ва аз орзуву омоли ӯ бохабар буд.
Дар ҳамон рӯзи 19 ноябр Эмомалӣ Раҳмонов бо сухани кӯтоҳ, вале пурмуҳтавои барномавӣ баромад карда, чунин изҳор намуд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чӣ аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард. Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намешавам». Хулоса, «Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам».
Сарвари нави Тоҷикистон дар назди вакилони халқ савганд ёд кард ва иброз дошт, ки ҳимояи ҳавасу манфиати мардуми заҳматкаш ва муқаддасоти Конститутсияи Ҷумҳуриро вазифаи аввалиндараҷа ва муҳимтарини хеш меҳисобам.
Яке аз қадамҳои аввалини Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олӣ баҳри ба эътидол овардани иқлими сиёсии ҷумҳурӣ, ин буд муроҷиати ӯ ба роҳбарони гурӯҳҳои яроқбадаст оиди сулҳ. Дар муроҷиати Раҳмонов омадааст: «Ба ҳурмати наҷот додани Тоҷикистон ва хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, ба хотири ба даст даровардани сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ба мақсади ягонагӣ ва муттаҳидии тамоми халқҳое, ки сокини ҷумҳуриамон мебошанд, даъват менамоем, ки дар Иҷлосия иштирок намоед».
Кор омад карду қумондонҳои ба Иҷлосия даъватшуда, бо сарваронашон Сангак Сафаров (фронти халқӣ) ва Буйдоқов (мухолифин) 25-уми ноябр дар ҷаласа ҳозир шуданд ва дар назди депутатҳо баромад ҳам карданд. Раиси Шӯрои Олӣ боз суханронӣ намуда, вазъи ҷумҳуриро ҳалокатовар маънидод кард ва қумондонҳоро даъват намуд, ки ба ҷанги бемаънии хунрез хотима бахшида, Ватан аз вартаи ҳалокат наҷот дода шавад. Эмомалӣ Раҳмон бори дигар хотирнишон намуд, ки омили асосии ба эътидол овардани авзои сиёсии Тоҷикистон ва осоиштагии мардуми он сулҳи устувор ва оштишавии тоҷикон аст. Сипас қумондонҳо дар назди парчами ҷумҳурӣ рост истода, қасам ёд карданд, ки ба ҷанг хотима мебахшанд.
Инак, Иҷлосияи фаромӯшнашавандаи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солномаи халқи тоҷик абадӣ дохил шуд ва он дарҳақиқат Иҷлосияи таърихӣ буд, чунки дар ҳамин Иҷлосия тақдири халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳал мешуд. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия баҳри ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ ва гирифтани пеши роҳи хунрезиҳо чораву тадбирҳои ҷиддӣ ва судманд андешида шуданд. Ин Иҷлосия дар ҳақиқат дар таърихи Тоҷикистони навин марҳилаи наверо боз намуд, зеро ки маҳз дар ҳамин Иҷлосия паёми ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик ба таври қатъӣ садо дод.
Зикр бояд намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ҷадид баъди ба сари кор омадан, аз рӯзҳои аввали фаъолияти хеш сиёсати сулҳу салоҳ, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва сарҷамъ намудани кулли сокинони кишварамонро пеш гирифтанд. Қайд намудан бамаврид аст, ки агар 1100 сол муқаддам дар ташаккул ва таҳаввули аввалин давлати миллии тоҷикони муосир Исмоили Сомонӣ нақши бузург бозида бошад, пас дар даврони мо дар бунёди давлати навини тоҷикон, фарзанди фарзонаю барӯманди диёр, абармарди миллат ва шуҷоъу далер, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон нақши нотакрор ва бузургу беҳамто бозидааст, ки инро набояд фаромӯш кард.
Ин Иҷлосия «Иҷлосияи қисмат – Иҷлосияи қисмати тоҷикон» самара медиҳад. Ҳамаи он дастовардҳое, ки дар охири қарни ХХ ва аввалҳои қарни XХI ба даст омаданд, натиҷаи ҳамин Иҷлосияи таърихии сарнавиштсоз мебошанд. «Иҷлосияи қисмат» ва сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули минбаъдаи давлати тоҷикон заминаи боэътимод гузоштанд.
Тавре ки маълум аст, ҷанги ҳамватанӣ бо ташаббусу ҷонбозиҳои фарзанди хирадманди диёр Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хотима ёфт, фазои оромиву осудагӣ фароҳам омад. Фазое фароҳам омад, ки мардуми Тоҷикистон бо ақлу нерӯи тоза сӯйи созандагию бунёдкорӣ қадам заданд. Сиёсати пешгирифтаи Президент дар соҳаи илму фарҳанг ифтихори ватандории мардумро мустаҳкам намуд. Таҷлили ҷашни 1100 - солагии давлати Сомониён, 675 – солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, 680 – солагии мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 90 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров, 90 – солагии шоири сулҳпарвару тавоно Мирзо Турсунзода, 25 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, 2700 – солагии Кӯлоби бостонӣ, 800 – солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000 – ҳазорсолагии Ҳисори бостонӣ, 1150 – солагии Муҳаммад Закариёи Розӣ, 400 - солагии Сайдои Насафӣ ва ҷашнҳои дигар гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Дар ин солҳо ваҳдату ҳамгироии иқтисодии ҷомеа ба вуҷуд омад. Шоҳроҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, марказу фароғатгоҳҳо ва иншоотҳои муҳими иҷтимоию стратегӣ сохта шуданд ва сохта шуда истодаанд. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари кор омаданаш сиёсати сулҳофаринишро пеш гирифт: ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам берун аз он. Аз ин ҷост, ки дар ин 24-соли баъди Иҷлосияи XVI Тоҷикистон дар роҳи барқарор кардан ва таҳкими сулҳу амнияти минтақавӣ ва байналхалқӣ ҷаҳду талош варзида, дар миёни кишварҳои ҷаҳон мавқеи шоиста пайдо намуд. Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гашт, барои кулли тоҷикону тоҷикистониён Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз буд. Ин Иҷлосия, ки ҳоло берун аз кишвар машҳур аст, бидуни шубҳа ҳамчун ҷаласаи таърихӣ дар хотири на танҳо имрӯзиён, балки дар дилу дидаи наслҳои оянда низ ҷовидона боқӣ хоҳад монд. Иҷлосияи мазкур фардеро ба сари кор, яъне ба сари давлат овард, ки мисли Исмоили Сомонӣ пас аз ҳазор сол низ ёдаш мекунанд.
Умуман, хаминро ҳам таъкид намудан ба маврид аст, ки ҳамаи он орзуву умедҳое, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари дили худ аз даъвати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд доштанд, бо тамоми масъулияти хештаншиносии миллати тоҷик аллакай амалӣ гардиданд ва дар ояндаи наздик боз ҳам ба қуллаҳои баланди худ хоҳанд расид. Бинобар ин бо итминони комил гуфта метавонем, ки бо гузашти солҳо омӯзиши саҳми таърихии Иҷлосияи тақдирсози миллат ҳеҷ гоҳ аз манфиати пурбаракати худ холӣ нахоҳад монд.

Қурбонов Б.Р., мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ, д.и.т., профессор

15.12.2020 14:04
84