Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расонидани ҳамдеҳа дар ҳолати мастӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи сокини ноҳияи Ашт бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 11-уми феврали соли 2025, тахминан соати 23:50-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамроҳии ҳамдеҳааш марди 45-солаи сокини ноҳияи Ашт дар ҳолати мастӣ бо якдигар ҷангу ҷанҷол намудаанд. Сипас  марди 45-сола бо чӯб ба сари гумонбаршаванда задааст, ки дар натиҷа гумонбаршаванда ба ғазаб омада, аз дохили хонааш кордро гирифта, як маротиба ба бозуи дасти чапи ҷабрдида зарба задааст. 
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини  ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

13.02.2025 9:45
46