Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Варақаи матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2024

Дар соли 2024 дар ҷумҳурӣ 22315 (2023-21319) ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2023 - 996 ҳолат зиёд мебошад.
Аз ҷумла, одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 75 (2023-57), роҳзанӣ – 28 (2023-19), ғоратгарӣ – 86 (2023-107), таҷовуз ба номус – 41 (2023-47), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 117 (2023-129), авбошӣ – 1663 (2023-1414), қаллобӣ – 3480 (2023-2762), дуздӣ – 3858 (2023-4241), ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва тайёр кардани силоҳ 31  (2023-35), тамаъҷӯӣ 61  (2023-47), муомилот, ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор  745 (2023-578)ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 14 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 90 нафар барои содир намудани 67 ҷиноят ошкор карда шуданд.
Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ 343 (2023-316) адад силоҳи оташфишон мусодира карда шудааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 2 тоннаву 780 кг 422 гр  (2023- 2 т 592 кг 699 гр) мусодира карда шудааст.
Аз тарафи ноболиғон 665 (2023-555) ва аз тарафи ҷавонон бошад 3194 (2023-3020)   ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст.
Бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28236 адад (2023-13991) парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба суд ирсол карда шуданд.
Оид ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1228 (2023-533) ҳолат ба қайд гирифта шудаааст.
Бар асари  1233 (2023-1111) садамаи нақлиётӣ 552 (2023-519) нафар ба ҳалокат расида, 1353 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтанд.
Дар ҷумҳурӣ 1175 (2023-1269)  ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа  17 (2022-23) нафар шаҳрвандон фавтидаанд, ки аз инҳо 11 (2023-11) нафарашон ноболиғ мебошанд. Маблағи зарар 43 миллиону 822 ҳазор ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Барои гирифтани маълумоти муфассал тавассути рақами телефони 985-92-02-02 ба сардори Маркази матбуоти ВКД подполковники милитсия Маҳмадзода Нусратулло муроҷиат намоед.

12.02.2025 20:06
80