Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба савдои одамон» дар шаҳри Бохтар
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз субъектҳои асосии муборизабаранда бо савдои одамон ба ҳисоб рафта, бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо ин ҷинояти вазнин ва таҳқиркунандаи номусу шарафи инсонҳо мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.
Дар ин замина рӯзҳои 11-12-уми феврали соли 2025 бо ташаббуси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон дар толори меҳмонхонаи «Левакант»-и шаҳри Бохтар ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба савдои одамон» баргузор гардид.
Семинари омӯзишӣ барои судяҳои Суди вилояти Хатлон ва шаҳрҳои Бохтар, Левакант, ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Вахш, Дӯстӣ, Ёвон, Кӯшониён, Қубодиён, Н.Хусрав, Панҷ, Хуросон, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун ва Шаҳритус роҳандозӣ гардида, ҳамзамон дар семинари омӯзишӣ намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони амнияти ҳамкории Аврупо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимони соҳавии Вазорати корҳои дохилӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Қобили зикр аст, ки хариду фурӯши одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар айни ҳол дар худ унсурҳои таҳдид ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдор намудани суботи иҷтимоию иқтисодии онҳоро ниҳон дорад, эътироф гардидааст.
Дар ҷараёни семинар, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муқовимат ба савдои одамон ва шаклу усулҳои мубориза бо ин омили номатлуб, муқовимат ба савдои одамон дар заминаи санадҳои байналмилалӣ, айнияткунонии савдои одамон, омилҳои виктимологии пешгирии ҷиноятҳои савдои одамон, принсипҳои муошират бо ҷабрдидагон ва ба ҷавобгарӣ накашидани қурбониёни савдои одамон, хусусиятҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар муқовимат ба савдои одамон мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифтанд.