Ҷавонони фаъол намунаи ибрат мебошанд!
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Шуъбаи 1 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров дар партави нуктаҳои Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии наврасону ҷавонон, роҳнамоии онҳо ба тарзи ҳаёти солим, таъмини фазои такмилдиҳандаи рушди зеҳниву ҷисмонӣ ва ҳамеша таҳти назорату ғамхорӣ қарор додан мунтазам бо насли ояндасоз дар иртибот буда иқдомҳои созандаи онҳоро қадр ва дар амалӣ гаштани он саҳм мегузоранд.
Ҳафтаи гузашта дар Қасри фарҳанги ноҳияи Б.Ғафуров вохӯрии сардори шуъбаи мазкур полковники милитсия Илҳомиддин Вализода бо ҷавонони фаъоли ноҳия дар минтақаи хизматӣ баргузор гашт. Ин иқдом дар баробари шиносоӣ аз раванди коргузории ҷавонон дар байни ҳамсолони худ, ҳамчунин бо мақсади қадршиносии хизмати онҳо ба манфиати ҷомеа пешбинӣ шуда буд.
Дар вохӯрии мазкур ба ғайр аз ҷавонони фаъол ва хонандагони болаёқат аз ноҳияи Б.Ғафуров, ҳамзамон омӯзгорон, намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки МИҲД ноҳия, ҳамчунин роҳбарият ва ҷавонони фаъоли вилоят иштирок доштанд.
Дар вохӯрӣ нахуст сардори Шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров полковники милитсия Илҳомиддин Вализода ҳамкории аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон бо мақомоти милитсияро баҳри пешгирӣ аз унсурҳои халалдорсозандаи тартиботи ҷамъиятӣ, бегонапарастӣ, зиндагии носолим ва машғулиятҳои номатлуб муҳим арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки иштирокчиёни вохӯрӣ аз зумраи шаҳрвандони поквиҷдону масъулиятшиносе мебошанд, ки дар иҷрои вазифаи хизматии милитсия кумаки худро дареғ намедоранд. Номбурда изҳори боварӣ кард, ки насли имрӯз дорои қобилияти хуби эҷодкориву созандагӣ буда ҳамеша саҳмашон дар татбиқи барномаҳои давлатӣ эҳсос мешавад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ташабусу иқдомоти созандаи ба нафъи ҷомеа нигаронида шудаи ҷавононро пуштибонӣ мекунанд. Ингуна таваҷҷуҳи ғамхорона ба ҷавонон нерӯ бахшида ба оянда хушбин, боз ҷиҳати пешрафт ва нишон додани муҳаббати худ ба Ватан ва Президенти маҳбуб талош хоҳанд кард.
Бурдани корҳои ташвиқотӣ ва тарғибӣ тарзи ҳаёти солим дар байни ҳамсолон асоситарин иқдомоти ҷавонони фаъолу пешоҳанг аст, ки имрӯзҳо аз ҷониби онҳо амалан роҳандозӣ шуда истодааст. Тавассути вохӯриву баромадҳо дар мактабу донишгоҳҳо, паҳн намудани андешаҳои солиму тавсиявӣ тариқи шабакаҳои интернетӣ, иштирок дар чорабиниҳои ватандӯстона, корҳои ободонӣ, ташкили мусобиқаву озмун ва дигару дигар иқдомоти созандаи ҷавонони фаъол шоистаи таҳсин аст ва бояд идома ёбад зикр дошт сардори шуъбаи милитсия.
Донишҷӯ Икром Самаров аз номи ҳамсафонаш қавл дод, ки ҷавонон минбаъд низ баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини сулҳу субот ва осоиштагии ҷомеа фаъолият хоҳанд кард. Ғамхории рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон пайваста эҳсос мешавад ва моро водор менамояд, ки ҷавобан ба чунин ғамхорӣ ҳамсолони худро ба ватандӯстӣ, рӯ овардан ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунари муносиб, ки аз он ҷомеа баҳравар гардад, талқин намоем.
Дар идома мудири маорифи ноҳия Махсуда Абдуллозода суханронӣ карда, иқдоми мақомоти корҳои дохилиро, ки баҳри муттаҳид кардани ҷавонони фаъол ва сафарбарии онҳо ба солимгардонӣ ва ҳифзи ҷомеа аз ҳолатҳои ногувору ҳодисаҳои номатлуб нигаронида шудааст, зарур донист. Аз иштирокчиёни ҷамъомад даъват ба амал оварда шуд, ки дар якҷоягӣ баҳри тарбияи наврасон, ҳимояи ҳуқуқи онҳо ва мубориза бар зиди падидаҳои номатлуби дар байни наврасон паҳншаванда корбарӣ намоянд. Ҳамкории мактаб, оила ва мақомотҳои дар таълими наврасон манфиатдор метавонад фазои мусоиди таълиму тарбияро фароҳам ва насли ояндаро воқеан бо хислатҳои ҳамида ва рӯҳияи солим ба воя расонад.
Муқовимати оштинопазир ба унсурҳои ҷиноятӣ, тарғиби дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ фарогири мавзуъҳое буд, ки дар раванди вохӯрӣ маърӯзачиён атрофии он бо ҷавонони фаъол суҳбати тарбиявӣ ва датсурӣ намуданд.
Таъмин гардидани талаботҳои дар вохӯрӣ матраҳ гардида имконият медиҳад, ки ҷомеаро насли солиму бомаърифат, ватандӯсту масъулиятшинос ва ташаббускор идора намояд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамзамон иқдоми се нафар ҷавонони фаъоли ноҳия, ки хоҳишмандона баҳри сафарбар шудан ба сафи Артиш худро дар комиссириати ҳарбии ноҳия номнавис кардаанд, эълон карда шуд. Ин ташаббус воқеан барои дигарон намунаи ибрат буда нишон медиҳад, ки мактаби тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ мебошад.
Дар идома хизматҳои шоистаи як зумра ҷавонони фаъол ва омӯзгорон, ки мунтазам ҷиҳати пешгирӣ аз кирдорҳои зидиҳуқуқӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, татбиқи барномаҳои давлатии солимгардонии ҷомеа, посдории волоияти қонун намунаи дигарон буда, дар амалу рафтори онҳо ватандӯстиву масъулияти шаҳрвандӣ дида мешавад бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои сардори Шуъбаи 1 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров қадршиносӣ гардид.
Барномаи фарҳангӣ бо намоиши саҳнаҳои тарбиявӣ аз ҳаёти наврасону ҷавонон, суруду оҳангҳои тараннумкунандаи муҳабат ба Ватан, хушии зиндагӣ, эҳтироми падару модар ва дигар мавзӯъҳои тағибкунандаи ҳаёти солим хотимабахши чорабинӣ гардид.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.