Дастгир гардидани марди 41-сола барои таҳдиди куштан намудани падару модар
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳри Левакант пеш чаҳор маротиба бо қисмҳои 1, 2, 3 моддаи 237 ва моддаи 201 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 16-уми феврали соли 2025, тахминан соати 22:00, дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиашон рафта аз ошхонаи манзили истиқоматиашон як адад кордро дар дасташ гирифта доду фиғон карда бо корд модараш зани 65-сола ва падараш марди 66-солаи сокинони ҳамон ҷоро таҳдиди куштан намудааст.
Боз гумонбаршаванда шаби 20-уми январи соли 2025, тахминан соати 20:40-дақиқа, дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиашон рафта ба ҳаммоми манзили истиқоматиашон даромада, аз ҳаммом як адад лезвия (асбоби риштарошӣ)-ро гирифта модар ва падарашро таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатиашон намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 120 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.