Вохӯрии гурӯҳи кории Нуқтаи сайёри милитсия бо сокинони деҳаи Қадиҷӯйбори ноҳияи Шаҳринав
8-уми феврали соли 2025 тибқи иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сафарбар намудани ҷузъу томҳои МКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини дастрасии хизматрасонии милитсия ба аҳолӣ вобаста ба ташкил намудани Нуқтаи сайёри милитсия оид ба қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2025», ҳайати гурӯҳи кории Нуқтаи сайёри милитсия зери роҳбарии муовини сардори РҲТҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Холмуродзода Дилшод Холмурод, раиси Шурои ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимзода Ҳотам ва дигар шахсони дахлдор дар микроавтобуси махсуси хизматии «Газел-Некст», рақами қайди давлатиаш 178 UD 01, ба ҷамоати деҳоти Сабо, деҳаи Қадиҷӯйбори ноҳияи Шаҳринав сафар намуданд.
Ҷолиби қайд аст, ки деҳаи Қадиҷӯйбор соли 1932 ташкил шуда, кӯҳантарин деҳа ба шумор рафта, 4 деҳаи хурдро дарбар мегирад, яъне деҳаи Қадиҷӯйбор -1, 2, 3 ва 4, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сабо қарор дошта, аз маркази ноҳияи Шаҳринав дар масофаи 4 километр ва аз шаҳри Душанбе бошад, дар масофаи 36 километр дур ҷойгир шудааст.
Аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав дар деҳаи мазкур 6 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шуда, сари вақт ошкор гардида, нисбати 165 нафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар деҳаи мазкур 1 адад Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 барои 1600 хонанда, 2 адад масҷиди панҷвақта, 1 адад бунгоҳи тиббӣ ва 6 адад мағозаи хӯрокворӣ фаъолият намуда, нозири минтақавии милитсияи ШҲТҶ ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав лейтенанти калони милитсия Давлатшоев Тоҷиддин Нуриддинович дар ҳудуди хизматии он адои вазифа менамояд.
Вохӯрии ҳайати Нуқтаи сайёри милитсия бо 82 нафар сокинони деҳаи мазкур дар толори бинои ҷамоати деҳоти Сабо баргузор гардид.
Сараввал, аз тарафи полковники милитсия Холмуродзода Д.Х., ҳайати гурӯҳи корӣ муаррифӣ шуда, моҳият ва ҳадафи асосии хизматрасонии Нуқтаи сайёри милитсия намуда шарҳ дода шуда, ҷаласаи сайёр аз рӯи ҳисоботи нозири минтақавии милитсияи ШҲТҶ ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав лейтенанти калони милитсия Давлатшоев Тоҷиддин Нуриддинович дар назди иштироккунандагон оғоз карда шуд. Маърӯзаи ҳисоботии нозири минтақавии милитсия лейтенанти калони милитсия Давлатшоев Т.Н., оид ба масъалаҳои вазъи ҷинояткорӣ, таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, роҳҳои пешгирии он ва дигар масъалаҳои самтӣ аз тарафи иштирокчиён шунида шуд.
Баъдан аз тарафи муовини сардори шуъбаи РК ва КҲШ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Турсунзода Хуршед ва муовини сардори шуъбаи ШХ РҲТҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Шоҳиён Алохӯҷа оид ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо терроризм», «Дар бораи муқовимат бо экстремизм», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ ва аз тарафи раиси Шурои ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимзода Ҳотам оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки аз тарафи сокинони деҳаи Қадиҷӯйбор ба ҳайати Нуқтаи сайёри милитсия ягон муроҷиат ва ё аризаи шикоятӣ ворид нашуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ сокинони деҳаи мазкур ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун ташкилкунандаи чорабинии мазкур изҳори миннатдорӣ намуданд.