Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ду ноболиғ бо ҷурми дуздии ҷавоҳирот

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 16 ва 17-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд. 
Гумонбаршавандагон 6-уми феврали соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии марди 28-солаи сокини пойтахт шуда, аз онҷо якчанд адад ҷавоҳироти тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад. 

10.02.2025 10:19
15