Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳодисаи ғоратгарӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 5-уми феврали соли 2025, тахминан соати 00:10-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо роҳи ошкоро аз дасти ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Сино 1-адад соат ва 220 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

10.02.2025 10:13
14